Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Додгоҳи Олӣ ба иттиҳоми ғоратгарӣ хизматчии вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Баҳриддин Давлатовро ба муддати 10 сол ва ҳамроҳаш Зокирҷон Назирови бекорро ба муддати 11 сол ба зиндони тартиботи шадид маҳкум намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Додгоҳи Олӣ хабар доданд, маҳкумшудагон ба ғоратгарии яке аз ширкатҳои хусусии пойтахт дар таърихи 15-уми октябри соли гузашта гунаҳкор дониста мешаванд. «Зимни тафтишот маълум гардид, ки ғоратгарон 4 нафар буда, ҳамон шаб посбонро латукӯб намуда, ба дафтари кории ширкат ворид мегарданд ва аз чор нафар кормандони ширкат, ки дар он ҷо ҳузур доштанд, бо таҳдиду зӯрӣ телефонҳои мобилӣ ва 157 сомониашонро кашида гирифта, сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, чанде баъдтар Б.Давлатов ва З.Назиров дар ҷинояти ғоратгарии навбатӣ иштирок карда, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт мегарданд. «Ду нафари дигари дар ҷинояти мазкур дастдошта мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд», - афзуд сарчашма аз Додгоҳи Олӣ.



“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста