Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе иҷозатномаи қаблан ба ҶСП «ДилФон» додашударо беэътибор донист.
Тавре аз Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонии назди Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли 2006 ширкати ҶСП «ДилФон» барои хизматгузорӣ дар бахши таъмини алоқа тавассути стандарти
GSM
-1800, хадамоти телематикӣ (ба ҷуз
IP
-телефония) тавассути шабакаи операторҳо ва хизматгузорӣ оид ба ирсоли иттилоот тариқи алоқаи телеграфӣ ва
IP
-телефония иҷозатнома гирифт, вале то ҳанӯз ба фаъолият напардохтааст.
Ба иттилои манбаъ, хадамоти давлатӣ ҷиҳати беэътибор донистани иҷозатномаи ширкати мазкур бинобар риоя накардани талаботи Низомнома «Дар бораи додани иҷозатнома ба баъзе намудҳои фаъолият» ба додгоҳ муроҷиат кардааст. «Бо назардошти оғоз накардани фаъолият дар ин муддат ва пешниҳод насохтани ҳисоботҳои молиявиву оморӣ додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба ба беэътибор донистани иҷозатномаи ҶСП «ДилФон» аз 3-уми феврал ҳалнома содир намуд», - афзуд манбаъ.



Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста