Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дар таърихи 19-уми феврали соли ҷорӣ бинобар муносиб набудан ба мансаби ишғолкарда сардори гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи (ОМОН) Вазорати умури дохилӣ Евгений Сергеев аз мансаб сабукдӯш гардид.

            Тавре муовини вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Шариф Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тобеъони ӯ дар содир намудани ҷинояти вазнин бо истифода аз силоҳи оташфишон гумонбар дониста мешаванд ва ӯ чун сардор бояд аз ин амали онҳо хабардор гашта, баҳри пешгирии он бояд чора меҷуст. «Айни замон полковник Шералӣ Маҳмадшоев иҷрокунандаи вазифаи сардори гурӯҳ таъин карда шуд», - гуфт муовини вазир.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19-уми феврал к ормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ се нафар аъзои фаъоли гурӯҳ – муовини сардори дастаи таъиноти махсуси милисаи Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ - Равшан Ҳомидов, сардори шӯъбаи навбатдории ин гурӯҳ Тоҳир Раҳимов ва шаҳрванди бекор Хуршед Исломовро дастгир намуданд. Ба роҳбари гурӯҳ – корманди Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Таваккалхӯҷа Низомов муяссар шуд, ки пинҳон гардад ва айни замон ӯ мавриди пайгарди қонунӣ эълом шудааст.

Ҳамаи онҳо ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ҳодисаи чанде қабл ғорат намудани казинои «Помир» дар ҷамоати Оққӯрғони ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар дониста мешаванд. Шаби 15-уми феврал гурӯҳи афроди мусаллаҳи ниқобпӯш ба казино ворид гардида, бо таҳдиду зӯроварӣ аз силоҳи оташфишон бошандагони казино, кормандон ва посбонони онро рӯи фарш мехобонанд ва сипас аз ҳозирин телефонҳои мобилӣ ва калидҳои мошинҳояшонро кашида гирифта, сейфи нигаҳдории пулро, ки дар дохили он ҳудуди 40 ҳазор доллари ИМА мавҷуд буд, бо худ мебаранд. Онҳо ҳамчунин таҷҳизоти наворбардории видеоии казино ва протсесори компутарро низ бо худ мегиранд. Пас аз он ба мошини навъи « Lexus -350» нишаста оромона аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Мошин субҳи рӯзи дигар дар канори маҳаллаи Калинини пойтахт ёфт шуд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар ин назаранд, ки ҷинояти мазкур дақиқан омода гардидааст. Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.