Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 баробар бештар маводи мухаддир мусодира карданд.

            Тавре аз агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ин давра 98 килову 675 грамм маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки 29 килову 754 грамми онро маводи сахттаъсири ҳероин, 12 килову 846 граммашро афюн ва 56 килову 075 граммашро маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад.

            Тибқи иттилои манбаъ, шӯъбаи тафтишотии агентӣ нисбат ба 24 нафар шахсон 22 парвандаи ҷиноӣ боз намуда, онро ҷиҳати моҳиятан барррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол кардааст. Зимни баргузории амалиёти муштарак бо марзбонони кишвар кормандони агентӣ дар наздикии сарҳад аз қочоқи 65 килову 324 грамм маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд. Ҳамзамон бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон 1 амалиёти муштарак доир гардида, аз муомилоти ғайриқонунӣ 6 килову 467 грамм маводи мухаддир мусодира гардид, ки 6 килову 422 граммаш ҳероин мебошад.

            Зикр гардид, ки дар ин давра кормандони агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон шаш амалиёти муштарак баргузор сохта, дар натиҷа 52 килову 350 грамм маводи мухаддирро мусодира намуданд.