Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки тибқи он, дар пойтахт ба ивази комиссияи мавҷуда оид ба кор бо ноболиғон комиссия оид ба дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон таъсис дода мешавад.
Тавре сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, комиссияи мазкур дар асоси қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъмини ҳуқуқи кӯдак» ташкил мегардад. «Раиси шаҳр инчунин ба раисони ноҳияҳо супориш дод, ки дар маҳалҳои низ чунин комиссияҳо таъсис дода шаванд», - гуфт ӯ.
Комиссияи пойтахт оид ба дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакро яке аз муовинони раиси шаҳр роҳбарӣ карда, намояндагони раёсатҳои маориф, умури дохилӣ, кор бо занон ва оила шомили он мебошанд.



Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста