Душанбе. 11-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба масъалаи иҷрои қарори Додгоҳи Олии иқтисодии кишвар дар бораи кӯчонидани бозори «Зарнисор» соҳибмулкони ин бозорро ба ҳузур пазируфт.
Чӣ тавре ки сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот М.Убайдуллоев изҳор доштааст, ки ҳукуматдорони шаҳр қарори додгоҳ оид ба фаъолияти минбаъдаи бозорро дастгирӣ мекунанд. «Раиси пойтахт гуфт, тибқи қарори Додгоҳи Олии иқтисодӣ, соҳибкорон бояд худашон бозорро хароб сохта, агар имконоти молиявӣ дошта бошанд, ба ҳукумати шаҳр ҷиҳати ширкат дар сохтмони иншооти ҷадид, ки тибқи нақшаи генералии шаҳр дар ҷойи бозор бунёд мегардад, муроҷиат намоянд», - изҳор дошт сухангӯи раиси пойтахт.
Ба гуфтаи Ш.Саидов, баҳри дастгирии соҳибкорони ватанӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мақомоти салоҳиятдори ҳукумати шаҳр супориш дод, то ки масъалаи истифодаи бинои сеошёнаи бозорро, ки сохтмони он ғайриқонунӣ дониста шуда, тибқи қарори додгоҳ, бояд кӯчонида шавад, ҳаллу фасл созанд ва дар сурати мувофиқати бино ба нақшаи генералии шаҳр, он чун маркази хизматрасонии маишӣ мавриди истифода қарор гирад.



Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста