Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳамкорони собиқ роҳбари КВДҲ «Тоҷик Эйр» овозаҳои ҷойдошта нисбат ба Ҳокимшо Тиллоевро беасос мехонанд.
Онҳо мегӯянд, ҳангоме ки Ҳокимшо Тиллоев вазифаи роҳбарии ширкатро қабул кард, қарзҳои ширкат дар назди корхонаву ташкилотҳои гуногун беш аз 20 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод ва зимни фаъолияти ӯ аз моҳи январи соли 2006 то ноябри соли 2008 ширкат пурра қарзҳояшро пардохт намуда, соли 2006 – 19 млн. сомонӣ ва соли 2007 – зиёда аз 52 млн. сомонӣ фоида ба даст оварда, музди меҳнати коргарон 2-4 маротиба зиёдтар шудааст. Дар давраи роҳбарии Ҳ.Тиллоев Тоҷикистон бори нахуст ҳавопаймоҳои навъи «Боинг» харидорӣ намуда, зерсохтори фурудгоҳ тармиму таҷдид гардид. Ҳамчунин дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи нерӯҳои низомии фаронсавии мустақар дар фурудгоҳ майдони нишасту парвоз, терминали қабули мусофирон аз таъмир бароварда шуданд
Ба қавли ҳамкорони Ҳ.Тиллоев, ӯ зимни иҷрои вазифа бо фиребгарону қаллобон сарукор надошт ва маҳз барои он ӯро тӯҳмат кардаанд. «Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ҳ.Тиллоев на барои фаъолияташ дар мансаби роҳбари ширкат, балки аз рӯи аризаи шаҳрванд Бурҳониддин Толибов – роҳбари ҶСК «Зелёний билет» боз шудааст ва мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин шахс нисбат ба Ҳ.Тиллоев хусумати шахсӣ дорад», - гуфтанд онҳо.
Ҳамкорони собиқи Ҳ.Тиллоев ҳамчунин гуфтанд, рӯзҳои наздик мақомоти дахлдор бепоя будани гуноҳҳои ба ӯ нисбатдодашударо собит хоҳанд кард. Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» бо худи Ҳ.Тиллоев дар тамос шуд, вале ӯ аз шарҳи овозаҳои нисбат ба худаш ҷойдошта худдорӣ намуд.



Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста