Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» - | Аз рӯи далели марги раҳбари идораи амнияти дохилии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, палковник Сайдулло Пиров тибқи банди 104-уми Кодекси ҷиноӣ (куштор) парванда боз шудааст, дар ин бора муовини аввали додситони кулли кишвар Абдуқодир Муҳамадиев, зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи сешанбе,12 апрел баргузор гашт, хабар дод.

«Тафтишоти ин парванда идома дорад ва иттилои пурра пас аз анҷоми тафтишот ба ВАО хабар дода мешавад», илова намуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки ҷасади полковник таърихи 5 феврали соли равон дар утоқи меҳмонхонаи «Тавҳид»-и шаҳри Хуҷанд, пайдо карда шуд. С. Пиров бо сафари корӣ дар Хуҷанд қарор дошт. Қаблан дар мавриди марги ӯ фарзияҳои мухталиф – аз худкушӣ то сактаи қалб – оварда мешуд.

C.Пиров 19 марти соли 1950 ба дунё омад. Шуруъ аз соли 1979 дар хизмати мақомоти корҳои дохила қарор дошт. Фаъолияташро дар дастгоҳи марказии ВКД ҶТ аз соли 1994 шурӯъ кард. Ба вазифаи ахири худ соли 2009-ум таъин карда шуд.