Бо ташаббуси Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI» рӯзи 6-уми майи соли 2011 дар Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Инъикоси масоили адолати судии ҷиноятӣ тавассути ВАО» баргузор гардид.

Мақсади чорабинӣ мусоидат ба таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО-и Тоҷикистон дар масоили таъмини дастрасӣ ба иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти соҳаи адолати судии ҷиноятӣ буд.

Дар ин нишаст намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Судҳои Олӣ ва Конститутсионӣ, Шӯрои адлия, Прокуратураи генералӣ, ВКД, дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳимоятгарон, сарварони созмонҳои рӯзноманигорӣ, ҳамчунин муҳаррирон ва кормандони ВАО-и гуногун ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар масоили иштироки намояндагони ВАО дар мурофиаҳои судии ҷиноятӣ ва иттилоотонии аҳли ҷомеа оид ба ислоҳоти соҳаи адолати судии ҷиноятӣ баррасӣ шуданд.

Иштирокдорони мизи гирд дар масъалаи он ҳамақида буданд, ки ҷанбаи муҳими мурофиаи судии кушода дастрасӣ ба маводи судӣ, аз ҷумла, қарорҳои судӣ мебошад. «Маркази ҳуқуқи инсон шурӯъ аз соли 2005 мониторинги мурофиаҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятиро маҳз дар қисмати дастрасии шаҳрвандон ба мурофиаҳои судӣ мегузаронад. Он замон вазъ мушкил буд, дастрасӣ амалан душвор ва барои он иҷозати Шӯрои адлия зарур буд. Пас аз ду сол вазъ беҳтар гардида, айни ҳол вазъи умумӣ, бахусус, дар пойтахт ҳатто мусбат арзёбӣ мешавад. Аммо то ҳанӯз ба судяҳои ҷудогонае метавон дучор шуд, ки бо вуҷуди дар даст будани иҷозати Шӯрои адлия, ин ҳуқуқро риоя намекунанд», - гуфт директори Маркази ҳуқуқи инсон Холиқов ва илова кард, ки дар чунин норасоињо бештар дар судҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Хуҷанд мушоҳида шудаанд.

Дар посух сардори Раёсати судҳои дастгоҳи Шӯрои адлияи ҶТ Абдухалил Раҷабов тавсия дод, ки дар чунин ҳолатҳо ба мақомоти онҳо муроҷиат карда шавад. «Мо нисбат ба чунин судяҳо ҳатман чораҳои зурурӣ меандешем», - изҳор дошт ӯ.

Сарвари Фонди ҷамъиятии «Nota Bene» Нигина Баҳриева дар идомаи мавзӯъ зикр кард, ки дар чунин ҳолатҳо истифодаи механизмҳои шикоят бурдан аз рӯйи амалҳои раисикунандаи мурофиаи судӣ зарур аст, зеро ин нақзи мустақими қонун аст.

Дар мизи мудаввар ҳамчунин зикр гардид, ки сомонаҳои интернетии Суди Конститутсионӣ, Суди олӣ ва судҳоро мебояд инкишоф ва такмил дод, то дар онҳо маълумоти меъёрии ҳуқуқии марбут ба судҳо, қарорҳои Пленумҳои Суди олӣ ва қарорҳои судӣ саривақт ҷойгир карда шаванд.

Муаттара Ҳайдарова, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷомеа ва ҳуқуқ» дар робита ба зарурати мавҷуд будани захираҳои электронии қарорҳои судҳо гуфт, ки дар кишвар дастрасӣ ба асноди меъёрии ҳуқуқӣ танҳо дар сомонаҳои парлумон ва Маркази қонунгузории миллӣ имконпазир аст.

Нигина Баҳриева зимни хулосагирӣ аз натоиҷи баррасиҳо якчанд масъаларо таъкид сохт. Аввалан, ба гуфтаи ӯ, ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ кор мебаранд, бо ВАО барои инъикоси натиҷаҳои фаъолияташон кам ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамзамон ВАО маводи ташкилотҳои ҷамъиятиро дорои реклом пиндошта, барои нашри он маблағи зиёд талаб мекунанд. «Бояд ҳамкорӣ миёни ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ВАО дар самти инъикоси масоили дорои аҳамияти ҷамъиятӣ инкишоф дода шавад», - изҳор дошт Баҳриева.

Номбурда афзуд, ки чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва инъикоси масоили ҳуқуқӣ дар ВАО бояд на танҳо барои рӯзноманигорон, балки барои намояндагони мақомоти давлатӣ низ гузаронида шаванд.

«Ба ҷуз инъикоси ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон, ВАО дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ба паҳнсозии маълумот оид ба ҳуқуқи инсон ва роҳҳои ҳимояи он барои пешгирии поймолшавии имконпазири ҳуқуқи инсон машғул шаванд», - тавсия дод Баҳриева ба рӯзноманигорон.

Ҳамзамон ба мақомоти судӣ, аз ҷумла, Суди олии ҶТ лозим аст, Қарори Пленуми Суди олии ҶТ оид ба баррасии даъвоҳо дар бораи диффаматсияро таҳия кунад, ки аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатӣ нисбат ба ВАО пешниҳод гардида, мутобиқи он мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони ҳокимият ҳамчун даъвогарон дар парвандаҳо оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ ҳуқуқ доранд, на пардохти ҷуброни зарари маънавӣ, балки танҳо раддияи маълумоти носаҳеҳро талаб кунанд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI» лоиҳаи нави худро таҳти унвони «Инъикоси масоили адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО» муаррифӣ кард, ки он бо дастгирии Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон амалӣ мешавад,.

Мақсадҳои лоиҳа ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба масоили ҳуқуқи инсон ва адолати судӣ дар Тоҷикистон, ташкили замина барои муҳокимаи ҷамъиятии масъалаҳои мазкур, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО мебошад.