Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» – | Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як модаре ният дошт, ки духтари 10-солаи худро ба ивази 3 ҳазор долллари ИМА бифурӯшад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 25-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд як зани 50-солаи қаблан доғи судӣ дошта боздошт шудааст, ки нияти фурӯхтани духтари 10-солаи худ ба ивази 3 ҳазор доллари ИМА-ро доштааст. «Духтари ноболиғ дар ҳеҷ куҷое таҳсил надошта, дар шароити душвори моддӣ ба воя мерасидааст ва маҳз ин омил модарро маҷбур сохтааст, ки ӯро ба шахсони доротару сарватманд бифурӯшад», - гуфтанд дар вазорат.
Бино ба маълумоти вазорати мазкур, танҳо дар соли гузашта 530 ҷиноёти ба гунае марбут ба хариду фурӯши одамон ошкор карда шудааст. Миёни онҳо 7 далел тибқи моддаи 130 (Одамрабоӣ); 6 далел тибқи моддаи 130 замимаи 1 (Хариду фурӯши одамон); 10 ҳодиса аз рӯйи моддаи 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ); 14 далел тибқи моддаи 132 (Ҷалби одамон барои истисмор); 16 ҳодиса мувофиқи моддаи 167 (Хариду фурӯши ноболиғон)-и КҶ ҶТ ва ғайра ҷой доранд.
Назорат тариқи телефон. Дар шаҳр ва вилояти Маскав ба телефони муҳоҷирон замимаи мобилии махсус насб мекунанд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи ҳосили нав оғоз шуд. Имсол он 20% камтар кишт шудааст
Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони мавсим дар Ҷоми Русия эътироф шуд
“Имрӯз ҷасадҳоро ба Ватан меоранд”. Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Қазоқистон
Чаро бонкҳои кишвар асъори хориҷии каме нуқсондоштаро қабул намекунанд?
Бастрикин эътироф кард, ки 20 ҳазор муҳоҷири шаҳрвандии Русияро гирифта ба ҷанг фиристода шудаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 2
Серверҳои бузург ва нахи оптикӣ. Барои беҳтар намудани сифати Интернет чӣ корҳо анҷом дода мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2025
“Фарёдҳо, афсӯсҳо аз марги созу сӯзҳо!”. Дарди миллӣ, бонги бедорӣ ва мавқеъгирии Лоиқ Шералӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста