Аксҳои танзомез ва инъикосгари фасодзадагии ҷомеаъи Тоҷикистон тӯли чанд рӯз як гӯшаи боғи «800-солагии Маскав»-и пойтахтро зеб медоданд. Намоишгоҳи корикотруҳо зери унвони «Ҳунар бар зидди фасод», ки барои нахустин бор дар пойтахт доир шуд, дӯстдорони аксҳои танзомезро натавонист дар канор бигзорад ва чуноне ки мушоҳида мешуд, гурӯҳ- гурӯҳ аз шаҳрвандон бо шавқи зиёд аз тамошои он ҳаловат мебурданд.


Масъулини ин чорабинӣ мегӯянд, бо ташкил ва пешниҳоди чунин намоишгоҳ, ки ришваситониву ришвадиҳиро инъикос мекунад, хостанд бори дигар нишон бидиҳанд, ки ҳар як шаҳрванд метавонад мустақиман бо фасод мубориза барад. Дастандаркорони ин ҳамоиш ба муассир будани чунин намоишгоҳҳо дар самти мубориза бо ин падида, ки маризии вахим арзёбӣ мешавад, боварӣ доранд.


Дар ин аксҳо асосан намунаҳо аз муносибати табиб бо бемор, донишҷӯ бо омӯзгор, корманди бозрасии автомобилӣ бо ронанда ва додгоҳ бо ҷиноятпеша ба ҳангоми доду гирифти ришва тасвир ёфтаанд.


Гуфта мешавад, озмуни аксҳои танзӣ наздики ду ҳафта идома кард ва дар ин намоишгоҳ 30 рассом аз ҷумла хонандагони мактабҳо ва наққошони ғайри ҳирфаӣ ҳудуди 100 асари худро ба маърази тамошо гузоштаанд.

Беҳтарин аксҳо аз сӯи ташкилкунандагони намоишгоҳ - созмони «Кӯҳи нор» ва Бунёди Швесарӣ оид ба рушд дар Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Ва қарор ҳаст чунин ҳамоиш дар дигар минтақаҳои кишвар низ доир карда шавад.

Бояд гуфт, ҳарчанд дар Тоҷикистон бо ҳадафи мубориза бо фасоду ришва ва коҳиш додани ин раванд соли 2007 Ожонсии махсус фаъолият мебарад, аммо то ҳанӯз ришваситониву ришвадиҳӣ як усули ҳалли мушкили корафтодагон боқӣ мондааст.


Аз ҷумла бино ба маълумоти Ожонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 260 ҳодисаи фасод ошкор шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давари соли гузашта 50 ҳодиса бештар будааст. Ба гуфтаи ҳамин ниҳод, аз байни вазоратхонаҳо бештари ҷиноёти иқтисодӣ- дар вазорати тандурустӣ, маориф ва аз миёни идороти қудратӣ бештари чунин мавориди фасод дар вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сабт шудааст.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон фасоди молӣ ҳатто дар масоили иҷтимоӣ густариш пайдо кардааст, ки ба рӯзгори ҳамарӯзаи мардум таъсири мустақим мегузорад

Ҳамчунин чанде пеш Созмони байналмилалии Транспаренси интернейшнл ё Созмони байнулмилалии шаффофият бар асоси таҳқиқоте, ки ҳар сол дар манотиқи мухталиф ва дар ин ё он кишвар доир менамояд, мизони фасоди Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари фасодзадатарини дунё қарор дода буд.