Душанбе. 17-уми май. «Азия-Плюс» — | Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон боз 9 тан аз гумонбаршудагони даст доштан дар бетартибиҳои чанде қабл рухдода дар шахри Кӯлобро боздошт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, миёни онҳо 5 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, муовини мудири мактаб-интернат барои кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб, тарбиятгирандаи 14-солаи ҳамин интернат ва дигарон ҳузур доранд.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл мақомоти додситонии вилояти Хатлон дар робита ба қазияи ахири шаҳри Кӯлоб бобати ба вуқӯъ пайвастани бетартибиҳои оммавӣ нисбати 5 тан, аз ҷумла ду нафар ноболиғони 15 ва 17-сола мутобиқи моддаи 237, қ. 2-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Шоми 14-уми июн пас аз анҷоми вохӯрии дастахои футболи «Равшан» ва «Истиқлол» як гурӯҳи иборат аз 100 нафар мухлисон дар кӯчаи 1-уми Май ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ оғоз намуда, кормандони милисаро ҳақорату дашном ва ба сӯйи онҳо сангпартоӣ карданд. Сарфи назар аз огоҳии кормандони милиса, онҳо ба аъмоли авбошонаи худ идома доданд. Барои пароканда сохтани онҳо кормандони милисаро лозим омад, ки аз воситаи махсус – бастаҳои тарканда истифода кунанд, аммо бо ин ҳам авбошон ором нагардида, муддати 30 дақиқаи дигар ба шикастану оинаву харобсозии автомашинаҳои назди варзишгоҳ гуошташуда пардохтанд. Дар маҷмӯъ, бар асари ин бетартибиҳо 16 тан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона мунтақил шуданд ва 13 нафари онҳо пас аз расонидани кӯмаки аввали тиббӣ ба хонаҳояшон раҳсипор гардида, 3 тан аз ҷароҳат бардоштагон дар беморхона бистарӣ шуданд.




Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Мухлис20 июн, 2011 12:01
Барои ба чавобгари кашидани ашхоси даст ба бетартибихо зада баъди бозии футбол ман низ тарафдорам. Вале хайронам чаро нисбати кормандони АМОН ва хифзи хукуки аз шахри Душанбе омада парванда боз намекунанд. ахз хамин афрод ба сар задани бетартибихо гунахкоранд. Аввал ба суи мухлисоне, ки аз рохи пахлуи варзишгох ба хонаашон (махаллаи ш Шохин)равон буданд тири резини холи карданд, ки бо майдасангхои куча ба сару руи мардум пош хурд ва сониян аз маводи тарканда истифода карданд. Дар вакти хуручи мардум ба варзишгох гурехтанду боз вазниниро ба души кормандони хифзи хукуки шахру вилояти Хатлон гузоштанд. Дар сайтхои интернети наворхои фаъолияти онхо гузошта шудааст. Сониян шояд ин амали пешаки тархрезиагардида буд. Зеро дастаи Истиклол бо гурухи мусаллах ба бози омад. Наход ки як дастаи футбол бо чунин мухофизони се баробар аз бозингарон зиёд ба бози равад? Магар онхо ба хамаи бозихо чунин сафар мекунанд? агар чунин бошад ин кадар маблаг аз кучост? Хохишмандам тамоми мардумро бо ин амали ду се фанату як гурухи мусаллахи беакл айбдор накунед. Агар прокуратура гунахкоронро мечуяд аз байи хамон мухофизон чуяд, ки сабабгори бетартибихо шуданд. Хохишмандам АП чоп кунед.