Хуҷанд. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд як шаҳрванди Қирғизистон бо ҳудуди 10 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш боздошт шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар роҳи мошингарди Саидқӯрғон-Оқтеппаи ноҳияи Спитамен ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини деҳаи Қӯрғани ноҳияи Лайлаки Қирғизистон Сайдулло Сангинов боздошт шудааст. «Зимни кофтукови борахалтаи ӯ аз дохили он 10 бастаи дорои маводи мухаддири ҳашиш, ки вазни умумиаш 9 килову 130 граммро ташкил дод, дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфтанд дар раёсат.
Зикр гардид, ки дар робита ба ин қазия нисбат ба аъмоли шаҳрванди Қирғизистон мутобиқи моддаи 200, қисми 4-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ҳамаи сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи шимоли кишвар аз гардиши ғайриқонунӣ 338 кило маводи мухаддир (дар ҳамин давраи соли 2010 – 98 кило) дарёфт ва мусодира шудааст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста