Қӯргонтеппа. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Суди вилояти Хатлон ҳукми суди ноҳияи Бохтарро, ки собиқ вакили парлумон Сайвалӣ Нуровро бо моддаи 237-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) гунаҳкор дониста буд, бекор намуда, парвандаро барои аз нав баррасӣ намудан ба суди шаҳри Қӯрғонтеппа ирсол намуд.
Бино ба гуфти раиси ҳайати мушовараи судии суди вилояти Хатлон Алишо Қурбонов, сабаби бекор намудани ҳукми суди ноҳияи Бохтар пурра риоя нашудани талаботи кодекси мурофиавӣ ва ба таври кофӣ мавриди омӯзиш қарор нагирифтани ҳолатҳои анҷоми амал ҳангоми баррасии парванда дар суди маҳаллӣ аст. «Аз ин рӯ, парванда барои баррасии дубора ба суди шаҳри Қӯрғонтеппа фиристода шуд», - гуфт А.Қурбонов.
Дар ҳамин ҳол, раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа Темур Боев мегӯяд, воқеъан суди вилояти Хатлон парвандаи собиқ вакили парлумон Сайвалӣ Нуровро ҷиҳати баррасии такрорӣ ирсол намудаааст. «Парванда бояд рӯзҳои наздик мавриди баррасӣ қарор мегирифт, вале Суди Олии кишвар бо истифода аз салоҳияти худ ин парвандаро талаб карда гирифт, то сабаби бекор намудани ҳукми суди Бохтарро биомӯзад», - иброз дошт номбурда.
Бояд ёдовар шуд, ки прокуратураи вилояти Хатлон баъди ҷаласаи аввали парлумони тозатаъин, ки бо он ваколати вакилии С. Нуров ба анҷом расид, нисбати ӯ бо се моддаи КҶ ҶТ - 112 (Расонидани зарари сабуки ҷисмонӣ), 150 (Монеъ шудан ба фаъолияти комиссияи интихоботӣ) ва 237, қисми 2 (Авбошӣ) айб эълон карда буд.
Сабаби оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати С.Нуров, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон дар моҳи феврали соли 2010 аз тариқи худпешбарӣ, аризаи шикоятии раиси участкаи интихоботии №32-и ноҳияи Вахш Толиб Хӯҷаназаров аст. Хӯҷаназаров дар аризаи худ шикоят карда буд, ки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон С.Нуров рӯзи интихобот дар ҳузури аъзоёни участкаи интихоботӣ ва даҳҳо нафар интихобкунандагон ӯро мавриди латукӯб қарор додаст.
Худи С.Нуров баъди шикояти Т.Хӯҷаназаров зимни як сӯҳбаташ бо хабарнигорон ин даъвои раиси участкаи интихоботиро бепоя арзёбӣ карда буд.
«Ин як дасисаест, ки аз тарафи бадхоҳони ман эҷод карда шудааст. Вақте ман ба участкаи интихоботӣ омадам, қонуншиканиҳои зиёдеро мушоҳида кардам ва аз раиси участкаи интихоботӣ талаб кардам, ки ба ин қонуншиканиҳо хотима бахшад» - илова карда буд С.Нуров.
Зимни як нишасти матбуотӣ дар прокуратураи вилояти Хатлон хабар дода шуд, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати С.Нуров аз тарафи суди шаҳри Қӯрғонтеппа баррасӣ шуда, суд бо ҳукми худ С.Нуровро сафед кардааст. Прокуратураи вилояти Хатлон аз болои ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа ба суди вилояти Хатлон шикоят бурд, ки дар натиҷа суди вилояти Хатлон ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппаро бекор карда, парвандаро барои баррасии дубора ба суди ноҳияи Бохтар фиристод. Суди ноҳияи Бохтар парвандаро мавриди баррасӣ қарор дода, С.Нуровро бо моддаи 237, қисми 2 банди «б»-и КҶ ҶТ ( Авбошӣ) гунаҳкор дониста, ӯро ба андозаи 500 нишондод барои ҳисоб ҷарима кард.
Сайвалӣ Нуров низ дар навбати худ бо ҳукми суди ноҳияи Бохтар розӣ нашуда, аз болои ҳукми суди ноҳияи Бохтар ба суди вилояти Хатлон шикоят бурд.
Собиқ вакили парлумон зимни як сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шарҳи ҳолати баамаломада худдорӣ намуд. Ӯ афзуд: «Ҳоло маълум нест, тақдири парванда чӣ мешавад, аз ин хотир чизе гуфта наметавонам. Вақте ки масъала пурра ҳалли худро ёбад, он гоҳ омодаам бо Шумо сӯҳбат намоям».




Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста