Хуҷанд. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — Дар вилояти Суғд мурофиаи додгоҳии сокини Хуҷанд, ки ба дуздии автомобилҳои тамғаи «Опел-Астра» ва маводи арзишманд аз дохили онҳо муттаҳам дониста шуд, ба итмом расид.

Тавре ба ОИ «Ази-Плюс» додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Шӯҳрат Аҳроров хабар дод, сокини 43-солаи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Ҷалилов мутобиқи мода 244, қ.4 (Дуздӣ), 339 қ.2 (Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат,  штамп, мўҳр) ва 340, қ.1 (. Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп,мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, бо мусодираи амвол ба муддати 9 сол ба зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуд.

Моҳи сентябри соли 2007 дар шаҳри Хуҷанд Б.Ҷалилов автомашинаи тамғаи «Жигули» (арзишаш 18 ҳазору 500 сомонӣ)-ро дуздида, худи ҳамон рӯз онро бо қимати 3 ҳазор сомонӣ мефурӯшад.

Моҳи ноябри соли 2007 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷинояткор зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои ронанда аз ҷониби кормандони БДА, автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-ро рабуда, пас аз як моҳ онро дар шаҳри Душанбе ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.

Ахири моҳи сентябри соли 2009 бошад, дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров ӯ аз дохили автомашинаи «Опел-Астра» шиму костюм, ду адад телефони мобилӣ ва ҳуҷҷатҳои техникии автомашинаро медуздад.

Дар таърихи 13-уми апрели соли 2011 Ҷалилов ният дошт, ки боз як автомашинаи «Опел-Астра»-ро бидуздад, вале ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Истаравшан-Хуҷанд аз ҷониби кормандони Бозрасии давлати автомобилии шаҳри Истаравшан боздошт мегардад.