Қӯрғонтеппа. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Додгоҳи ноҳияи Данғара баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати директори генералии ширкати машғул ба сохтмони иншооти гидротехникӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Иннокентия Кимро оғоз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарёвари додситони ноҳияи Данғара Абдувалӣ Кенҷаев хабар дод, Иннокентий Ким муддати 2 моҳ дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» кор карда, ба 105 нафар коргаронаш музди меҳнатро напардохтааст. «Дар асоси аризаи шикоятии ин коргарон мақомоти додситонии ноҳияи Данғара барои саривақт напардохтани музди меҳнат нисбат ба И.Ким мутобиқи моддаи 151, прим 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз кард», - идолма дод сарёвари додситон.

Ба қавли ӯ, маблағи умумии қарз аз музди меҳнат дар назди коргарон 510 ҳазор сомониро ташкил додааст, аммо дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ И.Ким ҳамаи қарзҳоро пардохт намудааст. «Айни замон додгоҳи ноҳияи Данғара ин парвандаро мавриди баррасӣ қарор дода, рӯзҳои наздик ҳукми худро содир хоҳад кард», - афзуд номбурда.