Кӯлоб. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ҳудуди 200 ҷинояти солҳои пешин содиршуда, аз ҷумла 5 ҳодисаи кушторро ошкор карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят полковник Абдураҳмон Бузмаков хабар дод, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 16 ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шуда, онҳо дар муддати кӯтоҳ ошкор карда шуданд. «Дар ноҳияи Вахшу Данғара – 3 ҳодиса, шаҳри Қӯргонтеппаву ноҳияҳои Қумсангиру Ёвон – 2 ҳодиса ва ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор, Бохтар ва Ҳамадонӣ – 1-тогӣ ҳодисаҳои куштор сабт шуданд», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, дар нимсолаи аввал дар қаламрави вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 1 ҳазору 617 ҳодисаҳои содир намудани ҷиноёт ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 73 ҳодиса зиёдтар мебошанд. «Сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо 94,6%-ро ташкил медиҳад», - иброз дошт сардори РКД-и вилоят.
А.Бузмаков мегӯяд, дар ин давра аз аҳолӣ 317 адад аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла 59 адад автомати Калашников, 46 адад тапппончаи Макаров ва ҳамчунин 603 кило маводи нашъаовар (41 кило героин) дарёфт ва мусодира карда шудааст. «Да нимсолаи аввал ба мо муяссар гардид, ки аз 554 нафар сокини вилоят, ки ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноят таҳти пайгарди қонунӣ эълон шуда буданд, 192 нафарашонро дастгир кунем», - афзуд номбурда.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста