Душанбе 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати писари раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ФарҳодАбдуллоеви 24-сола пас аз хулосаи ташхис қатъ карда шуд.

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон дар робита ба ин масъла изҳор кард, ки коршиносон оид ба парвандаи мазкур хулосае пешниҳод намуданд, ки мутобиқи он, «дар ҳолати рухдода Ф.Абудуллоев имкон надоштааст, ки саривақт мошини таҳти идорааш бударо манъ созад».

Чанде қабл раиси Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев дар мавриди ин қазия гуфта буд, ки «агар писари ман ҷиноят содир карда бошад, назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт».

«Ман муддати 34 сол аст, ки дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ фаъолият дорам ва метавонам бигӯям, ки аз содир намудани ҷиноят бинобар беэҳтиётӣ касе эмин нест. Ҳангоми рух додани садамаи нақлиёт писари ман дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор надошт, вале ман бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки перомуни ин ҳодиса ба касе муроҷиат накардаам ва минбаъд низ ба ин кор ният надорам», - иброз дошта буд раиси Додгоҳи Олӣ.

Ёдрас мекунем, ки писари раиси Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ Фарҳод Абдуллоев ба даст доштан дар ҳодисаи садамаи нақдлиёт, ки боиси марг як нафар шуд, гумонбар дониста мешавад. Дар таърихи 12-уми апрели соли ҷорӣ дар канори шаҳри Душанбе як шаҳрванди Чин зери автомобили тамғаи BMW монда, ба ҳалокат расид. Ин автомашина он замон таҳти идораи Ф.Абдуллоев қарор дошт. Нисбат ба ин амали Ф.Абдуллоев мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.