Кормандони мақомоти гумруки вилояти Суғд аз ҳодисаи интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир, ки дар вагони хушкмева пинҳон шуда буд, ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд, дар гузаргоҳи назорати гумрукии ноҳияи Исафара ҳангоми санҷиши вагони дорои хушкмева 72 бастаи героини афғонӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Вазни умумии маводи мухаддири мусодирашуда 14 килоро ташкил дод.

«Муайян карда шуд, ки ин мавод ба шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон Беҳрӯз Бобоев тааалуқ дошта, ӯ онро ба Қзоқистон интиқол доданӣ будааст», - гуфт манбаъ.

Дар хадамоти матбуоти зикр карданд, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишоти идома доранд.