Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мурофиаи додгоҳии афроди гумонбар ба қатли собиқ раиси бозори ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара Ҳомид Каримов ба итмом расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи вилоятӣ хабар доданд, ба содир намудани ин ҷиноят 11 нафар гумонбар дониста мешуданд. Аз ин шумор ҳашт нафар дар курсии айбдорӣ қарор доштанд, ки 7 нафарашон сокинони ҷамоати номбурда ва як нафар зодаи шаҳри Конибодом буд, ки дар Русия иқомат мекард. Боз 3 нафари гумонбаршудагон то ҳанӯз таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Додгоҳ Мансур Каримҷоновро ба куштор, ғайриқонунӣ харидан ва нигоҳдории аслиҳа ба муддати 25 сол бо мусодираи амвол ва адои ҷазо дар муассисаи низомаш шадид, Абудулло Комиловро бо ҳамин моддаҳо ба муддати 23 сол, Файёз Муҳддиновро ба мӯҳлати 20 сол, Сӯҳроб Зоҳидовро ба мудддати 20 сол, Неъмат Шарифов, Зокирбой Ҳомидов ва Абудусаттор Зоҳидовро ба муддати 16 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Барои хабар надодан дар бораи ҷиноят Маҳкам Каримҷонов ба муддати 5 сол шартан аз озодӣ маҳрум шуд.

Манбаъ аз додгоҳи вилоятӣ хабар дод, ки ҳукми мазкур ҳанӯз ҳукми қонунӣ нагирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки собиқ раиси бозори ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара Ҳомид Каримови 46-сола шоми 30-юми августи соли 2010 дар назди хонаи хешовандаш парронда шуд.