Дар оташдонҳои махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 116 кило маводи мухаддир сӯзонида шуданд. Аз ин миқдор маводи мухаддир 24,8 килояшро героин, ҳудуди 68 килояшро ҳашиш, 24 килояшро афюн ва 131 граммашро маводи нашъаовари гурӯҳи канннабис ташкил дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, ҳамчунин 115 грамм ҳабҳои психотропии MDMA ва ҳабҳои гурӯҳи кодеин (codeine) ба миқдори 100 дона низ нобуд карда шуданд.
Маводи мухаддири нобудшуда аз ҷониби тамоми сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мусодира гардида, дар 4 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбат ба онҳо ҳукм содир шудааст, ба сифати далели шайъӣ истифода шудаанд.
Дар муддати 12 сол аз замони таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар оташдонҳои он 13,5 тонна маводи мухаддир нобуд карда шудааст.



Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 декабри соли 2025
Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Барои дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста