Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт бо далели ба иҷро нарасидани ҳалномаи додгоҳ нисбат ба директори генералии ҶСП «ТК-Мобайл» Сюн Няншен парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар доданд, парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 363-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Иҷро накардани ҳукми додгоҳ, ҳалномаи додгоҳ ё санади дигари додгоҳӣ» оғоз гардидааст.
«Аз рӯйи ин парванда муддати зиёда аз даҳ рӯз аст, ки тафтишот идома дорад. Пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ парвнда ба додгоҳ ирсол мешавад. Моддаи 363-и Кодекси ҷиноӣ ҷазо дар шакли ҷарима ба андозаи аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (нишондиҳандаи ҳадди ақалл ба 35 сомонӣ баробар аст) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду солро пешбинӣ менамояд», - гуфтанд дар мақомоти додситонии ноҳияи Сино.
Ёдрас мекунем, ки мақомоти раҳбарии ширкати «ТК-мобайл», ки хизматгузории алоқаи мобилии меъёри CDMA2000-ро пешниҳод менамояд, сарфи назар аз ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Сино «Дар бораи фавран дар ҷойи корӣ пештара барқарор кардани Ҷамшед Иброҳимов», ӯро ба ҷойи кори пештарааш барқарор накард.
Мушкилоти Иброҳимов бо ширкат пас аз ҷароҳат бардоштанаш дар садамаи нақлиёт оғоз шуданд. Садама ҳангоми бо сафари корӣ дар ноҳияи Данғара будани Ҷамшед Иброҳимов рух дода, бар асари он Ҷамшед маъюб ва ҳамкори ӯ ба ҳалокат расид.
Ба қавли Иброҳимов, пас аз садама ӯ қариб ним сол табобат гирифта, ба кор баргашт. Аммо бо гузашти замоне маъмурияти ширкат бо ӯ шартномаи меҳнатиро бекор кард. Ӯ ин амалро ғайриқонунӣ шуморида, ба додгоҳ муроҷиат кард. Додгоҳ дар бораи фавран дар ҷойи кориаш барқарор кардани ӯ ҳалнома қабул кард, вале то ҳанӯз ин ҳалнома аз ҷониби мақомоти раҳбарии ширкат ба иҷро нарасидааст.
Айни замон директори генералии ширкати «ТК-Мобайл» дар хориҷи ҷумҳурӣ қарор дорад ва шарҳи ӯро дар ин хусус дастрас намудан ғайриимкон мебошад.
Ширкати «ТК-Мобайл»-и Чин, ки хизматгузории алоқаи мобилии меъёри CDMA2000-ро пешниҳод менамояд, соли 2004 таъсис дода шудааст.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста