Парвандаи халабонони хориҷӣ, ки чанде қабл аз ҷониби суди шаҳри Қӯрғонтеппа маҳкум шуданд, ҷинояти оддӣ буда, дар тамоми ҷаҳон барои содир намудани он ҷазо дода мешавад ва мисли чанде аз ВАО ба он ангезаи сиёсӣ додан зарур нест, - гуфт имрӯз зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ЧТ Шерхон Салимзода.

Ӯ ҳолатҳои воқеии қазияи мазкурро шарҳ дод. Аз ҷумла, ӯ зикр кард, ки ду ҳавопаймои навъи Ан-72 дар ягон давлат ба қайд гирифта нашудаанд, захираҳои кории парвозашон ба анҷом расидааст, дар муддати се сол бо нақзи қоидаҳои бехатарии парвоз аз санҷишҳои техникӣ нагузаштаанд ва аз таъмир бароварда нашудаанд.

Салимзода таъкид сохт, ки ҳавопаймоҳои мазкур то соли 2008 дар феҳристи давлатии хадамоти ҳавонавардии Гурҷистон ба қайд гирифта шуда, сипас аз он хориҷ шудаанд ва сертификати оператору сертификати коршоямӣ надоранд.

Бино ба маълумоти тафтишоти пешакӣ, ҳарду ҳавопаймо аз соли 2008 то моҳи феврали соли 2011 дар ширкати Rolkan Investments Ltd дар ҷазираҳои Вирҷиния сабти ном шуда, тариқи шартнома ғайриқонунӣ дар қаламрави Афғонистон ба кашонидани борҳои гуманитарӣ машғул буда, ҳамзамон бо маслиҳати пешакӣ сарҳади Тоҷикистонро бе иҷозати хадамоти аэронавигатсияи Тоҷикистон убур карданд.

Гузашта аз ин, идома дод Салимзода, мақомоти ҳавонавардии Афғонистон дар мактуби расмии худ аз 12-уми марти соли равон ба Тоҷикистон хабар доданд, ки ин ҳавопаймоҳо дар рӯйхати ҳавопаймоҳои ин кишвар мавҷуд нестанд. «Дар ин мактуб ҷониби Афғонистон дархост кард, ки ҳавопаймоҳо ба ҳабс гирифта шуда, халабонон ба онҳо роҳ дода нашаванд», - гуфт вай.

Прокурори генералии Тоҷикистон таъкид кард, ки дар ҷараёни тафтишот айби ҳарду халабон тибқи моддаҳои пешбинишуда пурра исботи худро ёфт ва онҳо ба ҷазо маҳкум шуданд, вале метавонанд аз болои ҳукм ба зинаи болоӣ шикоят баранд.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.