Тафтиши парвандаи ҷиноӣ оид ба далели куштори сокини 24-солаи пойтахт Парвиз Давлатбеков дар арафаи анҷомёбӣ буда, ба наздикӣ ба додгоҳ ирсол мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, Парвиз Давлатбеков шоми рӯзи 31-уми декабр бо сарулибоси Бобои барфӣ наздикону хешовандонашро бо Соли нав табрик карданӣ буд, вале дар натиҷаи ҷанҷол аз зарбаҳои корд ҷароҳат бардошта, рӯзи 2-юми январ дар бемор хона ба ҳалокат расид.
Бино ба иттилои манбаъ, дар содир намудани ҷинояти мазкур чаҳор нафар гумонбар дониста шуда, Беҳрӯз Шарифови 16-сола иқрор шудааст, ки маҳз ӯ ба Парвиз ду зарбаи корд задаст. «Гумонбаршудагони дигар – донишҷӯйи соли III-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шараф Давлатов, Фаррух Самиев ва Фирӯз Нарзуллоев мебошанд. Ба ҳамаи онҳо айбнома пешниҳод гардида, ба ҷуз ноболиғ, дигарон ба ҳабс гирифта шудаанд», - гуфт манбаъ.
Дар вазорат бори дигар таъкид сохтанд, ки ҷинояти мазкур ҷанбаи мазҳабӣ надорад. Инро се нафар дӯстони Парвиз, ки он шом ҳамроҳаш буданд, низ тасдиқ кардаанд. «Ҳеҷ ягон доду фарёди дорои ҷанбаи мазҳабӣ вуҷуд надошт. Парвиз, ки сарулибоси Бобои Барфӣ ба бар карда буд, бо ҷавонони маст гуфтушунид карда, он ба ҷанҷол табдил ёфт. Касе кордро гирифта, Парвизро захмӣ намуд», - гуфт яке аз дӯстон.
Онҳо ҳамчунин хабар додаанд, ки ҳамлагарон 25-30 нафар будаанд. Дар ВКД мегӯянд, 10-15 нафар шоҳиди ҳодиса будаанд.
«Аксари шоҳидон дар назди бино ҳузур дошта, Соли навро ҷашн мегирифтанд. Аммо бевосита дар содир намудани ҷиноят чор нафар иштирок кардаанд», - афзуданд дар ВКД.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста