Суди вилояти Хатлон мактуби шикоятии мудири кули ширкати Rolkan Investments LTD Сергей Полуяновро барои баррасӣ қабул накарда, онро бозпас фиристод, зеро дар он иштибоҳот ҷой доштанд. Дар ин бора ба ОИ»Азия-Плюс» аз канселярияи суди вилоят хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ширкати мазкур ба суди вилояти Хатлон аз болои ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа шикоят бурда, мусодираи ду ҳавопаймои ширкатро нодуруст мешуморад.
Ба гуфтаи адвокати ширкат Ғулом Бобоев, Полуянов ба ӯ нусхаи шикоятро фиристодааст ва мусодираи ду ҳавопаймои навъи Ан-72-ро ғайриқонунӣ медонад.
«Суд муқаррар кардааст, ки халабонони ҳавопаймоҳо, шаҳрвандони Русияву Эстония Владимир Садовничий ва Александр Руденко мувофиқи қарордод ба кор қабул шуда, дар Афғонистон фаъолият доштанд. Мувофиқи шартҳои қарордод, ҳавопаймоҳо аз ҷониби ширкати Aerospace Consortium ба иҷора гирифта шуда, халабонон ҷиҳати ихтиёрдорӣ ва истифодаи ҳавопаймоҳо мувофиқи салоҳдиди худ ҳуқуқ надоштанд», - зикр мегардад дар нусхаи шикоят.
Ҳамчунин дар мактуби шикоятӣ зикр гардидааст, ки ҳавопаймоҳо моликияти ширкат маҳсуб ёфта, мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ дар сурати хилофи қонун рафтор накардани молики он, ба мусодираи он ҳуқуқ дода намешавад. «Ширкати мо нисбат ба Тоҷикистон бо истифода аз ин ҳавопаймоҳо ҳеҷ қонуншикание содир накардааст», - омадааст дар шикоят.
Адвокати ширкат мегӯяд, мақомоти раҳбарии ширкат бар ин назар аст, ки мақомоти тафтишоти пешакии Тоҷикистон иштибоҳан ҳавопаймоҳоро далели шайъӣ шуморидаанд, зеро онҳо то ҳанӯз моликияти ширкат буда, халабонон дар ҳавопаймоҳо танҳо супориши ба онҳо вогузоршударо иҷро мекарданд.
«Аз ин рӯ, мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоӣ дар робита ба далелҳои зикршуда дархост менамояд, ки дар қисмати мусодираи ҳавопаймоҳо дар ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа аз 8-уми ноябри соли 2011 эътироз содир карда шавад», - афзуд адвокат.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста