Дар минтақаи шимоли кишвар кормандони милиса миқдори зиёди маводи мухадирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти интизомии вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи 31-уми январ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Гафуров дар қаламрави ҷамоати Ҳамрообод автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-ро боздошт мекунанд. «Ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз бордони он беш аз 44 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои сарчашма, маълум шудааст, ки соҳиби маводи мухаддир мусофири автомашина, сокини 40-солаи шаҳри Хуҷанд С.М. буда, ӯ қаблан дар Русия ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст. Ӯ чанде пештар озод шуда буд», - гуфтанд дар мақомот.

Зикр гардид, ки ҳамчунин кормандони милисаи шаҳри Конибодм низ аз як амали муомилоти ғайриқонуни маводи мухаддирро пешгирӣ кардаанд. «Дар роҳи мошингарди Конибодом-Хуҷанд зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» ҳудуди 12 кило маводи мухаддири ҳашиш кашф ва мусодира шудааст, ки он ба мусофири автомашина, сокини 24-солаи шаҳри Конибодом Х.С. тааллуқ доштааст», - афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти расмӣ, соли гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 575 кило (соли 2020 – 891 кило) маводи нашъаоварро мусодира намуданд, ки 133 килои он героин мебошад.

Дар содир намудани ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар 297 сокини вилоят (соли 2010 – 244 нафар) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки 23 нафарашон занон ва 274 нафарашон мардон мебошанд. Аз рӯйи ин далелҳо 275 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.