Моҳи январи соли равон кормандони мақомоти милисаи вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 70 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 кило зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи таҳлили бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари РКД-и вилояти Суғд Насим Олимов хабар дод, миқдори зиёди маводи мухаддири мусодирашуда, ҳудуди 66 килояшро навъи ҳашиш ташкил медиҳад.

«Аз рӯйи ин далелҳо 24 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, далелҳои ошкоршуда мавриди таҳқиқ қарор доранд», - зикр кард номбурда.

Бино ба маълумоти расмӣ, соли гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 575 кило (соли 2010 – 890 кило) маводи нашъаоварро мусодира намуданд, ки 133 килои он героин мебошад.

Дар содир намудани ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар 297 сокини вилоят (соли 2010 – 244 нафар) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки 23 нафарашон занон ва 274 нафарашон мардон мебошанд. Аз рӯйи ин далелҳо 275 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.