Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои рӯҳониёни маъруфи кишвар – бародарон Тӯраҷонзодаҳо нисбат ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзодаро қонеъ накард. Қарори суд рӯзи 22-юми феврал эълон карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки даъвогарон муфтиро ба туҳмат ва сохтакории изҳороти Шӯрои уламо, ки моҳи декабри соли гузашта дар тамоми масҷидҳои ҷумҳурӣ қироат карда шуд, муттаҳам карданд. Дар изҳорот оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба баргузории маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа дар масҷиди оилавиашон гунаҳкор карда шуда буданд.
Бародарон Тӯраҷонзодаҳо гуфтанд, бо ин амал муфтӣ онҳоро ба ҷонибдорӣ ба мазҳаби шиа ва канорагирӣ аз мазҳаби ҳанафӣ гунаҳкор намуд. Банди дуюми даъвои бародарон дар он ифода меёфт, ки изҳороти интишоршудаи Шӯрои уламо гӯё дар Шӯро баррасӣ ва қабул нашудааст.
Ба гуфтаи раиси мурофиа судя Зокир Аминов, даъвогарон бобати аз ҷониби С.Абдуқодирзода бидуни назардошти ақидаи аъзои дигари Шӯро сохтакорӣ кардани изҳорот далелҳои кофӣ пешниҳод карда натаавонистанд.
Пас аз эълони қарори суд Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки тибқи баёноти шоҳидон, гӯё ҳеҷ яке аз аъзои Шӯрои уламо нисбат ба онҳо суханони таҳқиромез нагуфтааст, «вале ман нафаҳмидам, ки кӣ маро дар ин изҳорот 40 маротиба таҳқир кардааст, зеро мо бо вакили мудофеи худ дар матни изҳороти мазкур 40 калимаву ибораҳои тавҳиномез дарёфтем».
Дар ҳамин ҳол, Тӯраҷонзода дигар ба зинаҳои болоии судӣ шикоят бурданӣ нест, «зеро барои муроҷиат ба судҳои аврупоӣ мебояд аввал 5-6 зинаҳои судӣ дар дохили ҷумҳуриро тай намуд».
Раиси Шӯрои уламо Сакидмукаррам Абдуқодирзода пас аз содир шудани қарор гуфт, беайбии худро медонист, вале ба ҳар ҳол, аз ҷараёни мурофиаи судӣ изҳори нигаронӣ дошт.
«Агар бародарон Тӯраҷонзодаҳо аз болои қарори мазкур ба зинаи болоӣ шикоят баранд, пас мо низ даъвои ҷавобӣ пешниҳод карда, аз онҳо барои зарари маънавӣ ҷуброн талаб хоҳем кард», - афзуд муфтӣ.
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
“Беизтироб хонда намешавад”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Рамазон Раҳимзода бо Якоб Схермерс истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст
Чупик: "Аз пайи тоҷикон шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро ҳам ба Русия роҳ намедиҳанд"
Пуштибони Муъмину Лоиқу Бозор. Мирзо Турсунзода ва нақши ӯ дар адабиёт ва тарбияи истеъдодҳо
Аз қитъаи замин то шаҳодатномаи ронандагӣ. Чаро ваъдаҳои мақомот ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намекунад?
“Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд
БИР ва фондҳои рушди араб барои маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” 550 млн доллар ҷудо мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста