Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон боз як роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистонро қатъ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ноҳияи Панҷ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини 47-солаи ҳамин ноҳия, ки қаблан тибқи моддаи 195-КҶ ҶТ (Ғайриқонунӣ харидан, ба каси дигар доданд, фурӯхтан ва нигоҳдории яроқ) маҳкум шудааст ва ҳамроҳаш донишҷӯйи 19-солаи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, сокини ҳамин ноҳияро боздошт намуданд. «Зимни кофтукови онҳо 15 бастаи селлофании дорои ҳудуди 15 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфтанд дар агентӣ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Айни замон ҷиҳати муайян кардани дигар ашхоси дар ин ҷиноят дастдошта аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон чораҳо андешида мешаванд.