Дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи собиқ муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва сардори шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШКД-и ҳамин ноҳия Маҳмад Шарифов айбдоркунандаи давлатӣ ба Н.Наботов 10 сол ва М. Шарифов 14 соли таъини ҷазои маҳрум кардан аз озодиро талаб намуд.
Н.Наботов дар содир наудани ҷиноят тибқи моддаҳои 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ), 358 (Ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан), 319 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешавад.
М. Шарифов бошад, дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 247 (Қаллобӣ), 323 (Сохтакории хизматӣ), 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ), 319 (Гирифтани пора) ва 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) айбдор карда мешавад.
Ба андешаи айбдоркунандаи давлатӣ дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ гуноҳи судшавандагон пурра собит шудааст, аммо вакилони мудофеи айбдоршавандагон мухолифи ин ақидаанд.
Рустам Давлатшоев, вакили мудофеи Наботов мегӯяд, айби зерҳимояи ӯ дар мавриди соли 2001 зимни фаъолият дар ШКД-и вилояти Хатлон ғайриқонунӣ боздошт кардан ва мавриди шиканҷа қарор додани сокини ноҳияи Вахш Абдухалил Қодиров асоси воқеӣ надорад, зеро ин парванда чандин маротиба аз ҷониби Прокуратураи генералӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, қатъи он қонунӣ шуморида шуда буд. «Акнун баъди гузашти солҳо маълум мешавад, ки парванда ғайриқонунӣ қатъ гардида, баррасии он дубора аз сар гирифта шуд», - гуфт ӯ.
Давлатшоев аз дигар моддаҳои КҶ, аз ҷумла моддаи «Гирифтани пора», ки зерҳимояаш айбдор мешавад, низ изҳори шубҳа намуда, изҳор кард, ки гуноҳҳои ба зерҳимояи ӯ пешниҳодшуда исботи худро наёфтаанд.
«Тамоми далелҳои ҷониби айбдоркунанда ба аризаи ҷониби гӯё ҷабрдида бандубаст шуда, далелҳои мушаххаси айби Наботов мавҷуд нестанд ва аз ин рӯ, ман аз суд дархост мекунам, ки тамоми гуноҳҳои ба дӯши зерҳимояам вогузоршуда бекор гардида, бегуноҳии ӯ эътироф ва аз толори суд озод карда шавад», - иброз дошт Давлатшоев.
Татяна Умарова, адвокати Маҳмад Шарифов, аз мавқеи ҳамтои худ пуштибонӣ намуда, изҳор кард, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ муовини ШКД-и ноҳияи Қумсангир сохтакорӣ шудааст. Суд то 24-уми май танаффус эълон кард.
Баррасии парвандаи ҷиноии собиқ муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов 19-уми апрел оғоз гардид. Дар таърихи 7-уми октябри соли 2011 мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба муовини сардори ШКД-и ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва сардори шӯъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ҳамин ноҳия Муҳаммад Шарифов парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд.
Дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки кормандони милиса бо мақсади минбаъд тамаъ кардани пора ба дохили автомашинаи яке аз соҳибкорони маҳаллӣ маводи нашъаовар партофтанӣ шудаанд ва ин ҳодиса боиси боздошти онҳо шудааст.




Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста