Прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба ду тан аз соҳибкорони ноҳияи Панҷ барои фурӯши DVD-дискҳое, ки ба меъёри давлатӣ ҷавобгӯ набуданд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиш оид ба парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Бахтиёр Ҳайдаров хабар дод, соҳибкорон Ҷалолиддин Раҳматов ва Сайдамир Шоҳов дар бозори марказии ноҳияи Панҷ ба фурӯши дискҳои сериалҳои туркӣ, ки намоиши онҳо дар Тоҷикистон манъ карда шуд, машғул будаанд. «Ба онҳо мутобиқи моддаи 294, қисми 2-и КҶ ҶТ (Фиреби истеъмолгар) айбнома пешниҳод гардид.
Ба гуфтаи сармуфаттиш, прокуратураи вилояти Хатлон тафтишоти пешакиро оид ба ин қазия ба анҷом расонида, 28-уми май парвандаи ҷиноӣ ба суди ноҳияи Панҷ ирсол гардидааст. «Суд масъулияти ҷавобгарӣ барои фиреби истеъмолгарон нисбати сифати маҳсулотро муайян хоҳад кард», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки айни замон дар Тоҷикистон фурӯши сериалҳои туркии миёни аҳолӣ писандида манъ карда шуд. Ба ин рӯйхат панҷ сериал – «Ҳомиён», «Пайроҳаи тақдир», «Мисли Юсуф», «Хаёлҳои сабз» ва «Водии гургон» шомиланд.




Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста