Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон дар чаҳорчӯби баргузории амалиёти «Кӯкнор-2012» дар вилояти Суғд беш аз 30 ҳазор ниҳоли маводи нашъаовари бангдона ошкор ва нобуд карда шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилдоят хабар доданд, майдони кишти ниҳоли бангдона дар қаламрави бригадаи № 6-и хоҷагии деҳқонии ба номи «А.Ҷумъаев»-и ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор шудааст. Дар ин ҷо 20 ҳазор ниҳоли бангдона решакан шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, боз 11 ҳазор ниҳоли бангдона дар заминҳои кишти хоҷагии истеҳсолии кооперативии «Кишоварзони Навгилем»-и шаҳри Исфара дарёфт ва нобуд гардидааст.
Дар вилояти Суғд амалиёти «Кӯкнор-2012» 20-уми май оғоз гардида, то 30-юми ноябри соли равон идома меёбад.



“Ҳеҷ гуна шароит наметавонад хушунат ба кӯдаконро сафед кунад”. Изҳороти Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” ба Токио сафар кард
Се додрас “барои кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мекунад” аз вазифа барканор шуданд
Нишасти C5+1 бо иштироки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон
Ҷасади Қобилҷони дар Русия кушташударо ба Тоҷикистон оварданд. Маросими видоъ оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2025
Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста