Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баррасии даъвои Савринисо Гулова (ҳамсари ҷабрдида аз шиканҷа Исмоил Бачаҷонов) нисбат ба Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон (минбаъд – ҷавобгар) оид ба аз давлат рӯёнидани ҷуброн дар ҳаҷми беш аз 655 ҳазор сомонӣ (105 ҳазор евро) барои аз даст додани саробон оғоз гардид.
Аз ҷониби ҷавобгар даъвои ҷавобӣ дар бораи аз гунаҳкорони маҳкумшуда рӯёнидани ҷуброн пеш оварда шуд, вале С.Гулова ба ин мавқеи ҷавобгар розӣ набуда, талаб дорад, ки ҷуброн аз ҳисоби буҷети давлат рӯёнида шавад, зеро ҷиноят аз ҷониби шахсони мансабдор зимни иҷрои вазифаҳои хидматиашон дар қаламрави боздоштгоҳи муваққатии 9/1-и шаҳри Душанбе содир гардида буд.
Дар мурофиа ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иштирок кард. Ба сифати шахси сеюм Вазорати молияи Тоҷикистон даъват шуда буд, вале бо сабабҳои номаълум намояндаи вазорат ба мурофиаи судӣ ҳозир нашуд.
Директори созмони ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» Сергей Романов аз қарори одилонаи суд интизорӣ дорад, зеро дар кишвар таҷрибаи аз ҷониби давлат ҷуброн пардохтан барои аз даст додани саробон ба ҳамсар ва фарзандони фавтида вуҷуд дорад. «Дар ҳамин ҳол, таҷрибаи аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт намудани ҷуброн ба ҷабрдидагон аз шиканҷа мавҷуд нест ва даъвои Гулова дар ин масъала нахустин аст», - гуфт ӯ.
Адвокати ҷабрдида Абдураҳмон Шарифов мегӯяд, дар мурофиа масъалаи қарори суд дар бораи қонеъ кардани даъвои ҳамсарони кормандони фавтидаи низоми иҷрои ҷазо дар бораи аз даст додани саробон нисбат ба Сарраёсати иҷрои ҷазо ба миён гузошта шуда, қайд шуд, ки бо қарори суд пардохти ҷуброни таъиншуда на аз ҳисоби шахсони онҳоро қатлнамуда, балки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муқаррар шуд.
«Аз ин рӯ, мо талаб мекунем, ки амалҳои ғайриқонунии кормандони боздоштгоҳи муваққатӣ нисбат ба И.Бачаҷонов аз ҷониби давлат ба ҳамсару фарзандони ятиммондаи ӯ ҷуброн карда шаванд», - гуфт ӯ.
Исмоил Бачаҷонови 32-сола соли 2009 барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба муҳлати 6,5 сол маҳкум гардида буд. Соли 2011 додгоҳи ноҳияи Сино ба ӯ минбаъд реҷаи низоми шадиди адои ҷазоро ба реҷаи зиндон иваз карда буд. Дар замони ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса ӯ ба боздоштгоҳи тафтишотӣ оварда шуда, фиристодани ӯ ба ҳуҷраи зиндон пешбинӣ гардида буд. Аммо баъди чанде Бачаҷонов ҳангоми мунтақил шудан аз боздоштгоҳ ба Маркази тиббии Раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати адлияи ҶТ ҳалок шуд. Баъдтар Додситонии кулли ҶТ аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт кормандони боздоштгоҳи муваққатии воқеъ дар шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Раҳмонов ва Юсуф Иброҳимов ба муддати 8 сол ҳар кадоме аз озодӣ маҳрум карда шуданд, аммо бо истифода аз қонуни афв онҳо 6-солӣ дар зиндони низомаш шадид адои ҷазо мекунанд. Як корманди дигар Латиф Давлатов ба муддати 3 соли зиндони реҷаи умумӣ маҳкум гардида, мутобиқи қонуни афв аз адои мӯҳлати ҷазо озод карда шуд.
«Пас аз марги шавҳарам се нафар кӯдакони ноболиғи синнусоли аз 2 то 7-сола ба тарбияву сарпарастии ман монданд. Ман маълумоти синфи шашум дошта, ҳеҷ касбе надорам. Қаблан мо таҳти сарпарастии шавҳарам қарор доштем. Чун ҳамсарам аз амали кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расид, барои аз даст додани саробон ман аз давлат ҷуброни зарарро талаб мекунам», - изҳор кард С.Гулова.




Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста