Барои тафтишоти қатли роҳбари КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафаров, ки рӯзи 13-уми июн дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст, аз ҳисоби кормандони соҳибтаҷрибаи Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гурӯҳи муштараки фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуд, - гуфт корманди маркази матбуоти ВКД подполковники милиса Ҷалолиддин Садриддинов.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи мазкур якчанд фарзияҳоро мавриди таҳқиқ қарор додааст. «Мақомоти қудратӣ то ҳанӯз дар бораи қотилони Х.Сафаров маълумоте пайдо накарданд», - гуфт подполковник.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаъи ОИ «Азия-Плюс» дар Прокуратураи генералӣ, гурӯҳи муштаракро сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои махсусан вазнини Прокуратураи генералӣ Ҷамшед Сангов роҳбарӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Ҷ.Садриддинов иттилои чанде аз хабаргузориҳо оид ба гӯё дар робита ба ин куштор ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштани кормандони милисаро рад месозад.
«Шабона дар микрорайонҳо, назди марказҳои фарҳангу фароғат ва ҷойҳои серодами шаҳрҳои бузург шумори кормандони хадамоти нигаҳбонии тартиботи ҷамъиятӣ бештар гардиду халос», - таъкид кард. Ҷ.Садриддинов.
Холмӯъмин Сафаров ҳамсари хоҳари президенти Тоҷикистон аст. Пас аз як рӯзи қатл ӯ дар Данғара ба хок супурда шуд.
Холмӯъмин Сафарови 57-сола дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аз соли 2009 ба ҳайси роҳбари КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ ифои вазифа мекард.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста