Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусияи ҷумҳурӣ перомуни боздошти навбатӣ дар робита ба парвандаи собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соҳибкор Низомхон Ҷӯраев маълумот дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Агентии зиддифасод Миллопар Бандишоев хабар дод, соли 2007 сарваколатдори ин агентӣ Саидаҳтам Мудинов ба сифати корманди Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳайати гурӯҳи тафтишотии парвандаи Низомхон Ҷӯраев шомил будааст.

«Подполковник Мудинов бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ, автомашинаи тамғаи «Nissan Maxima»-и ба Ҷӯраев тааллуқдоштаро азхуд кардааст», - гуфт ӯ ва таъкид кард, ки нисбат ба Мудинов чораи ба ҳабс гирифтан татбиқ шудааст.

Ба қавли номбурда, ҳангоми тафтишоти пешакӣ ҳолатҳои дигаре рӯйи кор омадаанд, ки дар онҳо низ даст доштани Мудинов аз эҳтимол дур набудааст.

Пас аз бозгашти Низомхон Ҷӯраев аз Маскав тафтишоти парвандаи мазкур барқарор шуд. Айни замон як силсила боздошт ва ҳабси шахсони мансабдор, ки ба коррупсия ва содир намудани дигар ҷиноятҳо муҷрим дониста мешаванд, идома дорад. Собиқ муовини прокурор дар нақлиёти кишвар Шермат Нуров (соли 2009 прокурори ноҳияи Восеъ), Рустам Олимов (солҳои 2008-2009 айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи бародарони Низомхон Ҷӯраев – Толиб ва Фахриддин Ҷӯраевҳо) ва адвокати бародарон Ҷӯраевҳо – Бердиқул Расулдов аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ғайр аз ин, чанд рӯз қабл палатаи болоии парлумони Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидани судяи Суди олӣ Нур Нуров розигӣ дод. Нур Нуров таҷрибаи 30-солаи корӣ дошта, аз моҳи июли соли 2008 то моҳи июни соли 2009 дар мурофиаи баррасии парвандаи 33 нафар сокинони Исфара иштирок карда буд. Истеъфои прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Эмом Ғойибов ва ёвари прокурори вилояти Суғд Очил Одиловро низ ба ин парванда нисбат медиҳанд.