Рӯзҳои истироҳати гузашта дар чаҳорчӯби баргузории амалиёти «Кӯкнор-2012» дар вилояти Суғд беш аз 30 ҳазор ниҳоли маводи нашъаовари бангдона ошкор ва нобуд карда шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, майдони кишти ниҳоли бангдона дар қаламрави бригадаи № 6-и хоҷагии деҳқонии ба номи «А.Ҷумъаев»-и ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор шудааст. Дар ин ҷо 20 ҳазору 246 адад ниҳоли бангдона решакан шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз беш аз 6 ҳазор ва дар заминҳои бекорхобидаи деҳоти ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом зиёда аз 8 ҳазор адад ниҳоли бангдона дарёфт ва нобуд карда шуд. Дар деҳаи Табуши ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ кормандони мақомот беш аз 13 ҳазор ниҳоли бангдонаро дарёфт ва решакан карданд.
Ёдрас мекунем, ки амалиёти «Кӯкнор-2012» дар вилояти Суғд 20-уми май оғоз гардида, то 30-юми ноябри соли равон идома меёбад. Шурӯъ аз оғози амалиёт то имрӯз дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ зиёда аз 1,5 млн. адад ниҳоли бангдона дарёфт ва нобуд карда шуд.



Эмомалӣ Раҳмон се додрасро “барои кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мекунад”, аз вазифа барканор кард
Нишасти C5+1 бо иштироки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон
Ҷасади Қобилҷони дар Русия кушташударо ба Тоҷикистон оварданд. Маросими видоъ оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2025
Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста