Имрӯз Суди олии Тоҷикистон раиси ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунови 53-соларо ба муддати 14 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.

Зимни қироати ҳукм судяи Суди олии ҶТ Шавкат Абдулхайров зикр кард, ки Охунов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи ҳамаи моддаҳои пешниҳодшуда - ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ, расонидани зарар ба амвол тавассути фиреб ё суистеъмол аз боварӣ ва камомад гунаҳкор дониста шуд.

Ш.Абдулхайров гуфт, дар ҳамин ҳол, аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазо мавриди афв қарор гирифта, муҳлати ҷазо аз замони боздошти Охунов – 9-уми ноябри соли 2010 ҳисоб мешавад.

Ёдрас мекунем, ки йбдоркунандаи давлатӣ дархост карда буд, ки Охунов ба муддати 17 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.

«Суд нисбат ба зерҳимояи ман ҳукми ғайривоқеӣ содир кард, - гуфт ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, адвокати Охунов. – Суд ба ҳамаи далелу исботҳо баҳои ҳуқуқӣ надода, бахусус хулосаи коршиносонро, ки дар ширкати «Мовароуннаҳр» санҷиш гузарониданд, ба инобат нагирифт. Рӯзҳои наздик пас аз гирифтани нусхаи ҳукми суд мо аз болои он шикоят бурданием».

Директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов моҳи ноябри соли 2010 боздошт шуда буд. Муфатттишон ҳамеша далелҳои нав пайдо мекарданд, ки сипас он ба як истеҳсолот муттаҳид карда шуд. Масалан, далели азхудкунии беш аз 850 ҳазор сомонӣ маблағе, ки аз «Тоҷиксуғурта» барои сохтмони идораҳои зертобеъ дар ноҳияҳо гирифта шуда буд, муайян карда шуд. «Ин маблағҳоро раиси ширкат ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст ва он дар ҷараёни санҷиш исбот гардид», - гуфта буданд дар Прокуратураи генералии ҶТ.

Ғайр аз ин, ширкат ҳамчунин  ба азхудкунии 7,4 млн. сомонӣ маблағи Бонки исломӣ, ки барои маркази солимӣ дар ноҳияи Данғара ҷудо шуда буд, гунаҳкор дониста шуда буд.

Моҳи феврали соли равон вазъи рӯҳии раиси 53-солаи ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабаек Охунов якбора хеле бад шуда, аввали моҳи март ӯ ҷиҳати табобат ба дармонгоҳи муолиҷаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ гардида буд. Моҳи апрел комиссияи судии тиббии бемориҳои рӯҳӣ раиси ширкати «Мовароуннаҳр»-ро пурра солим эътироф карда, дар ин бора ба Суди олии Тоҷикистон хулосаи дахлдор ирсол намуд. Ҳамин тариқ, ахири моҳи апрел мурофиаи судӣ нисбат ба Охунов идома ёфт.

Ширкати «Мовароуннаҳр» аз соли 2005 ба сохтмони ипотекии манзили зист машғул аст, аммо аз аҳолӣ қисман ё пурра маблағи сохтмони манзили зистро ҷамъоварӣ намуда, на ҳамаро бо манзили зисти ваъдагӣ таъмин кардааст.