Дар нимсолаи аввали соли 2012 дар шаҳри Турсунзода 11 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шуда, шумораи фавтидагон 7 нафарро ташкил додааст. Дар ин бора прокурори ш.Турсунзода Баракатулло Камолов зимни ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба фаъолияти прокуратураи шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2012 иттилоъ дод.
Номбурда қайд кард, ки дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр 182 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 17 ҷиноят зиёд мебошад. Ҳамзамон ҷиноятҳои вазнини содиргардида 18 ададро ташкил додааст, дар ҳоле ки тӯли шашмоҳаи авали соли 2011 чунин ҷиноятҳо 68 адад буданд. Қобили зикр аст, ки дар ин давра ягон ҷинояти куштор, роҳзанӣ ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ба амал наомадааст.
«Аммо содиршавии ҷинояти дуздии амволи ғайр бошад, зиёд гардида, шумораи онҳо 93 ададро ташкил додааст. Кушодашавии ҷиноятҳо дар сатҳи паст қарор дошта, 72,7%-ро ташкил медиҳад», - афзуд Камолов.
Ба гуфтаи ӯ, тайи марҳилаи ҳисоботӣ 8 ҷинояти вобаста ба замин ва 3 ҷинояти характери коррупсионӣ дошта ошкор гардид. Дар натиҷаи 4 санҷише, ки дар самти истифодаи мақсаднок ва оқилонаи заминҳои корами обӣ ва лалмӣ гузаронида шуд, 57 ҳолати хариду фурӯш ва ғайриқонунӣ тақсим кардани замин муайян гардида, аз рӯйи ин далелҳо 5 парвардаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва 2 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Прокурори шаҳри Турсунзода таъкид кард, ки баҳри ошкор ва бартарафсозии ҳолатҳои ғайриқонунӣ дастгир кардан ва ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ овардан, истифодаи тарзу усули ғайриқонунии тафтишу таҳқиқ, зӯроварӣ ва азобу шиканҷа нисбат ба шаҳрвандон, мунтазам дар мақомотҳои дахлдор санҷишҳои ногаҳонӣ гузаронида мешаванд.
Сипас дар ҷаласа сардори Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандони Прокуратураи генералии ҶТ Ҷунайд Ниёзов сухан ронда, аз намояндагони тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ин ҷамъомад ҳузур доштанд, тақозо кард, ба масъалаи роҳ надодан ба шиканҷа нисбат ба гумонбарон ва дастгиршудагон аҳамияти махсус диҳанд.
Бояд гуфт, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 20-уми апрели соли 2012 дар паёмаш ба Маҷлиси Олии ҶТ аз ҷой доштани чунин норасоӣ изҳори нигаронӣ карда буд: «Мутаассифона, ҳолатҳои содир гардидани ҷиноятҳо аз ҷониби баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла, ширкати онҳо дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, даст задан ба кирдорҳои коррупсионӣ, ҷой доштани усулҳои нораво ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад».




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста