Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» - Айни замон тамоми макотиби олии кишвар комилан фасодзадаанд, - изҳор кард дар ҷамъи рӯзноманигорон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов.
«Имтиҳоноти қабул ҳоло оғоз нашудаанд, вале мо аллакай ҳашт далели коррупсия дар макотиби олиро дар даст дорем, ки дар ҷараёни имтиҳоноти қабул дар макотиби олии гуногун – Донишгоҳи тиббӣ, техникӣ, аграрӣ ва ғайра ошкор шуданд», - гуфт ӯ.
Ф.Саидов таъкид кард, ки дар Донишгоҳи тиббӣ чор далели ришваситонӣ ошкор шудааст. «Дар яке аз ҳолатҳо барои қабул ба ин донишгоҳ 18 ҳазор доллари ИМА талаб кардаанд», - иброз дошт вай.
«Феълан ришва тавассути се ва ҳатто чор нафар миёнаравон гирифта мешавад, то ки дастгиру исботи порагирӣ мушкил гардад, вале мо дар ин самт нақшаи чораҳои муайян андешидаем», - идома дод роҳбари Агентӣ.
Ӯ зикр кард, ки дар нимсолаи аввал ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҳама бештар дар бахши кишоварзӣ (60 ҳолат) ба қайд гирифта шудаанд. «Дар соҳаи маориф – 36, вазорати нақлиёт ва коммуникатсия – 23, вазорати мелиоратсия ва захираҳои об – 19 ва вазорати тандурустӣ - 16 далелҳои содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ сабт шудаанд.
Маврид ба ёдоварист, ки чанде қабл зимни нишасти хабарӣ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов изҳор карда буд, ки «Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон поктарин мактаби олӣ аз фасодзадагӣ аст».
«Нисбат ба дигар макотиби олӣ Донишгоҳи тиббӣ дар сатҳи муътадилтаре қарор дорад ва инро дар ҷомеа эҳсос мекунанд», - изҳор дошта буд он замон вазири тандурустӣ.



Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста