Гумонбари қатли Холмӯъмин Сафаров аз баёнотҳое, ки қаблан дар содир намудани ин ҷиноят дода буд, даст кашид. Ӯ дар қатли ҳамсари хоҳари президенти ҷумҳурӣ гумонбар дониста мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокатҳои гумонбаршуда – Д.К. хабар доданд, чанде қабл зимни баргузории амали тафтишотӣ дар қаламрави бинои тавқифгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ӯ изҳор кардааст, ки гуноҳ надорад.
Адвокатҳо мегӯянд, сабаби иқрор шудани Д.К. дар содир намудани ҷинояти мазкур истифодаи шиканҷа нисбат ба ӯ аз рӯзи нахусти боздошт дар бинои Раёсати кофтуови ҷиноии ВКД ҶТ будааст.
Ҳангоми баргузории амали тафтишотӣ Д.К. дар бораи аз ҷониби кӣ ва бо кадом тарз истифода шудани методҳои ғайриқонунии тафтишот маълумоти муфассал додааст. Ба эътиқоди ӯ, дар истифодаи шиканҷа нисбат ба ӯ мансабдорони воломақоми ВКД ва КДАМ-и ҷумҳурӣ даст доранд.
Адвокатҳо ҳамчунин хабар доданд, ки гумонбаршуда то ҳол дар тавқифгоҳи муваққатии Раёсати ВКД ҶТ нигоҳдорӣ мешавад, ки ин дағалона вайрон кардани меъёрҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятии ҶТ мебошад. Кормандони хадамоти фаврии ВКД ҳамеша дар наздаш буда, ба ӯ фишори рӯҳӣ оварда мешавад ва нисбати наздикону хешовандонаш таҳдидҳо садо медиҳанд.
«Мо чунин мешуморем, ки ӯро дидаву дониста ба тавқифгоҳи муваққатии Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия интиқол намедиҳанд, зеро дар ин муассиса кормандони хадамоти фаврӣ ба чунин дастрасии озод ба зерҳимояи мо имкон надоранд. Мо ҳамчунин аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ даъват мекунем, ки аз ин қазия худро канор нагиранд», - изҳор доштанд адвокатҳои гумонбаршуда.
Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.
Чанд рӯз қабл Созмони ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилал (Amnesty International) нисбати ин қазия изҳори нигаронӣ намуда буд.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста