Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ, ки чанде қабл дар шаҳри Киев баргузор шуд, ширкат варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Прокуратураи генералии ҶТ хабар доданд, дар кори ҷаласа таҳти раёсати прокурори генералии Русия Юрий Чайка ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистону Украина, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви иттиҳод иштирок карданд.

Ҳайати иштирокдорони ҷаласаро президенти Украина Виктор Янукович ба ҳузур пазируфта, Шӯрои ҳамоҳангсозро заминаи асосии роҳандозии ҳамкориҳои судманди мақомоти прокуратураи кишварҳо ва фаъолияти онро пурсамар арзёбӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур ҷараёни иҷрои чорабиниҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, дигар зуҳуроти ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва тадбирҳои пешгирии нашъамандӣ барои солҳои 2011-2013 баррасӣ шуданд.

Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ 7-уми декабри соли 1995 таъсис дода шуда, ба ҳайати он прокуророни генералии Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Украина шомил гардиданд. Санаи 25-уми январи соли 2005 Шӯрои ҳамоҳангсоз ба мақоми ниҳоди байнидавлатии ИДМ соҳиб шуд.