Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба далели сӯхтор дар бозори фурӯши яклухти «Корвон», ки 5-уми сентябри соли равон ба вуқӯъ пайваст, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази иттилоотии Прокуратураи генралии ҶТ, парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаҳои 192 қ. 3 (Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор), 322 қ. 2 (Хунукназарӣ) ва 309 қ. 1 (Тахрибкорӣ)-и КҶ Тоҷикистон боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Сарраёсати оташнишонии ВКД Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки мувофиқи натоиҷи ташхис, бозор аз ҷониби афроди алҳол барои тафтишот номаълум бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ (солярка) оташ зада шудааст.

«Ташхис имкони аз расиши ноқилҳои барқӣ ё таркиши таҷҳизоти газӣ сар задани сӯхторро истисно мекунад», - таъкид доштанд дар хадамоти оташнишонӣ.

Дар иттилои Прокуратураи генералӣ зикр мегардад, ки айни замон тафтишоти пешакӣ оид ба ин парванда идома дошта, ҷиҳати муайян кардани шахсони ба ин амал дастдошта тадбирҳо андешида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки шоми 5-уми сентябр дар бозори фурӯши яклухти «Корвон» сӯхтор сар зада, он майдони беш аз 8 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари сӯхтор 1 нафар ҳалок ва чор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Оташ 2 ҳазору 550 фурӯшгоҳҳоро нобуд сохта, ба соҳибкорон зарари ниҳоят зиёди моддӣ расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» соҳибмулки бозори «Корвон» Нуршед Машрабов хабар дод, имрӯз бозори фурӯши яклухт пурра барқарор гардида, комиссияи давлатӣ онро қабул кардааст ва шурӯъ аз дирӯз чанде аз соҳибкорон ба фаъолият дар он пардохтаанд.