Дар ноҳияи Спитамен як шаҳрванди 20-солаи кишвар бо 4 кило героин ва 10 кило ҳашиш, ки барои интиқоли минбаъда ба кишварҳои ИДМ омода шуда буд, боздошт гардид.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъавоари назди президенти ҶТ хабар доданд, амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони агентии мазкур барои дастгир намудани қочоқчии мухаддирот баъд аз зӯҳри рӯзи 11 октябр баргузор шуд ва кормандони фаврӣ аз хонаи истиқоматии ӯ як адад бастаи беранги скочпеч, ки дар дохили он маводи сабзу сияҳчатоб бо бӯи махсус ва як дона сумкаи полиэтилении варзишӣ, ки андаруни он 9 бастаи дорои маводи растанинасаб ва 3 бастаи дигари селофанӣ бо маводи хокамонанди дорои бӯи махсус ошкор ва мусодира намуданд. 

«Лаборатория ташхиси судӣ муайян намуд, ки маводи гирифташуда героин дар ҳаҷми 4 кило ва ҳашиш дар ҳаҷми 10 кило будааст, - гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ баъдтар маълум шудааст, ки ин ҳоло аввали кор аст. «Дар натиҷаи баргузории чорабинии дигар шарики гумонбар, шаҳрванди 22-солаи ҳамин ноҳия низ боздошт гардид», - гуфт манбаъ. - Боздоштшудагон шахсони муваққатан бекор буда, доғи судӣ надоранд».

Зикр гардид, ки шӯъбаи тафтишотии Агентӣ аз рӯи ин ҳодиса парванлдаи ҷиноятӣ оғоз намуд ва ҳоло барои муайяну мушаххас кардани шарикони дигари гумонбарон ба интиқол ва нигаҳдории маводи мухаддир чораҳо андешида мешаванд.