Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД ҶТ 36 адад автомашинаҳои нави тамғаи «Рено» харид, ки барои омӯзиши доваталабони гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ истифода хоҳанд шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати БДА ВКД ҶТ генерал-майори милиса Маҳмадсаид Саидов хабар дод, ҳамаи автомашинаҳо бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ ва аксбардорӣ муҷаҳҳаз мебошанд, ки амалҳои довталаб барои супардани имтиҳонро сабт мекунанд.

«Дар автомашинаҳои нав дахолати омӯзгор зимни супурдани митиҳон комилан ғайриимкон гардида, метавон гуфт, ки тавассути он амалҳои ришваситонӣ пешгирӣ карда мешаванд», - гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки барои харидории автомашинаҳои истеҳсоли Фаронса Раёсати БДА ҳудуди 1 млн. доллари ИМА маблағ хароҷот кардааст.