Зимни конфрнси матбуотӣ раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон Зафар Азизов изҳор кард, ки соли гузашта аз ҷониби судҳои тобеи Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ (дар ин ҳолат ба ҷуз Суди олӣ) ду ҳукми ҳабси абад содир шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 15 ҳолат камтар аст.
Қобили зикр аст, ки аз соли 2004 дар Тоҷикистон ба истифодаи ҳукми қатл моратория эълон шудааст. Ҳукми ҳабси абад ҳамчун алтернатива ба ҳукми қатл дар 5 навъи ҷиноят – одамкушӣ, таҷовуз ба номус дар ҳолатҳои вазнин, терроризм, генотсид (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ) ва биотсид пешбинӣ шудааст.
«Ман ному насаби ин ду нафарро гуфта наметавонам, вале онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин – куштор ва таҷовуз ба номус маҳкум шуданд», - гуфт вай.
Ба қавли раиси Шӯрои адлия, соли гузашта судҳои Тоҷикистон 8 ҳазору 467 парвандаи ҷиноиро баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо 3 ҳазору 706 нафар шаҳрвандон маҳкум шуданд (соли гузашта 7 ҳазору 626 парвандаи ҷиноӣ баррасӣ ва 3 ҳазору 545 нафар маҳкум шуданд).
«Дар байни ин парвандаҳо ҳукмҳои эътирофи бегуноҳӣ низ мавҷуд буда, нисбати 19 нафар ҳукми эътирофи пурраи бегуноҳӣ ва боқимонда қисман бегуноҳ эътироф шуданд», - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, соли гузашта дар маҷмӯъ 123 ҳазор парвандаҳои ҷиноӣ, шаҳрвандӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, ки дар муқоиса бо соли пешин 4 ҳазор парванда зиёдтар аст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста