Соли гузашта дар вилояти Суғд парвандаҳои ҷиноии 72 нафар аъзои гурӯҳҳои динии ифротгаро, аз қабили созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва «Ҷамоати таблиғ» баррасӣ ва ба суд ирсол шуданд.

Прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли 2012 дар қаламрави вилоят парвандаҳои ҷиноии 101 нафар узви фаъоли созмонҳои динии ифротгаро мавриди тафтиш қарор гирифтаанд.

Ба қавли вай, соли гузашта мақомоти прокуратура дар маҷмӯъ 1220 парвандаи ҷиноиро тафтиш намудаанд, ки 117-тои он хусусияти коррпусионӣ доштанд. «Дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 43,3 гектар заминҳои ғайриқонуни ишғолшуда ба ҳолати аввала баргардонида шуда, аз рӯи ин далелҳо 167 парвандаи ҷиноӣ боз шуд», - гуфт ӯ.