Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз афзоиши мизони ҷингояткорӣ миёни ноболиғон нигарон аст.

Ӯ зикр кард, ки соли гузашта аз ҷониби ноболиғон 626 ҷиноят содир шудааст, ки дар муқоиса бо соли аз ин пеш 80 ҷиноят бештар аст. «Болоравии сатҳи ҷинояткорӣ миёни кӯдакону наврасон бештар дар пойтахт ва навоҳии атрофи он ба мушоҳида мерасад», - гуфт ӯ.

Ба қавли вазир, ҳодисаҳои ҷанҷолу лату кӯб дар байни толибилмони макотиб, содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон бо истифода аз корд, ба маводи мухаддир рӯ овардан, ба дуздиву ғоратгарӣ даст задани онҳо рӯ ба афзоиш ниҳода, мутахассисонро мебояд ин тамоили манфиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд», - таъкид кард Раҳимов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт масъалаи огаҳиву пешгириии ҷиноят миёни ноболиғон муҳим аст, аз ин рӯ, кормандони милиса дар макотиб чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Дар ин робита вазир ҳамчунин ба масъалаи таълиму тарбия дар оила таваҷҷуҳ зоҳир намуд. «Ман бар ин назарам, ки афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон натиҷаи бемасъулиятии волидайн ва афроди наздику атрофи онҳо низ мебошад. Соли гузашта барои нодида гирифтани талаботи  қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беш аз 3 ҳазор нафар волидайн ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд», - афзуд Р.Раҳимов.