Кормандони Агентии назорати маводи нашаъовари назди президенти Тоҷикистон бо роҳандозии як амалиёти бобарори фаврӣ, садди роҳи интиқоли бештар аз 21 кило маводи мухаддир ба Русия шуданд. 

Бино ба маълумоти Агентии мазкур, ин амалиёт муддати дурудароз тарҳрезӣ мешуд ва ҳаракати як гурӯҳи гумонбар ба ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди пайгирӣ қарор мегирифт.

«Ниҳоят, 21 январи соли равон марҳилаи ниҳоии амалиёти мазкур дар қаламрави ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон анҷом гирифт ва дар наздикии деҳаи Ибрат ба гумони қочоқи мухаддирот  ду нафар аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ҳар кадом аз 27 сол беш надоштанд, боздошт гардиданд», - омаддаст дар иттилои Агентӣ.  

Ба иттилои манбаъ, аз дастгиршудагон  20,5 кило маводи мухаддири афюн ва 1 кило ҳашиш мусодира шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои боздошти шарикони дигари гумонбарон чораҳо андешида мешаванд. Айни замон дастгиршудагон дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ мешаванд.