Зимни нишасти хабарӣ роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор намуд, ки ба наздикӣ масъалаи истирдоди пешвои ҳаракати мухолифи ҳукумати «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон ҳаллу фасл мешавад.

Тибқи баъзе маълумоти дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» қарордошта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аллакай дар Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) қарор доранд.

Ба гуфтаи Саидов, У.Қувватов ғоибона мутобиқи моддаи 247, қ. 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) айбдор карда мешавад. «Муайян карда шудааст, ки Қувватов маблағи 30 адад автомашинаҳои тамғаи «Дуланг»-ро, ки ба Тоҷикистон оварда шудаанд, ба ду нафар шаҳрвандони Чинро пардохт накардааст. Ғайр аз ин, оид ба далели қаллобии Қувватов дар Агентӣ боз чор аризаи дигари шаҳрвандони Тоҷикистон мавҷуданд», - гуфт ӯ.

Роҳбари Агентии зиддифасод мегӯяд, ҳамчунин дар Агентӣ аризаҳои шаҳрвандони хориҷӣ мавҷуд аст, ки гаравгонгирии онҳо аз ҷониби Қувватовро тасдиқ месозанд.

Ёдрас мекунем, ки Умаралӣ Қувватов санаи 23-юми декабри соли гузашта дар фурудгоҳи шаҳри Дубай боздошт шуд.  Бино ба маълумоти islamnews.tj, ду сол қабл чанде аз тоҷирону сиёсатмадорон ва иқтисодчиёну ҷомеашиносони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба як гурӯҳи ҳамфикрон муттаҳид шуда, баҳри беҳбуди вазъи кишвар на каму на зиёд ба ивази ҳокимияти кунунии Эмомалӣ Раҳмон даст бизананд. Онҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи сиёсии мухолифини ҳуккумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» эълом доштанд, ки онро Умаралӣ Қувватов сарварӣ мекунад.