Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Бунафша Одинаева зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки соли гузашта аз ҷониби тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ 5 тоннаву 978 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.

Ба қавли вай, соли2012 ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда аз ҷониби кормандони Агентӣ ба андозаи 41% афзудааст.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки соли гузашта панҷ нафар кормандони Агентӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд.

Бунафша Одинаева изҳор кард, ки 92,2%-и боздоштшудагон (858 нафар) барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро афроди муваққатан бекор, 7% (70 нафар)-ро шахсони коргар ва 0,8% ё худ 8 нафарро донишҷӯён ташкил медиҳанд.

Зикр гардид, ки аз шумори умумии ҷиноёти марбут ба маводи мухаддир дар соли гузашта 39% ба сокинони Душанбе, 31% - ба сокинони вилояти Суғд, 18% - ба сокинони вилояти Хатлон, 9% - ба НТМ ва 3% - ба ВМКБ рост меояд. Соли сипаришуда дар хориҷи кишвар барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 297 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ боздошт шудаанд.